гардан

гардан
[گردن]
1. қисме аз бадан, ки байни сар ва танаи одам, ҳайвонот, парандагону хазандагон ва м.ин. воқеъ аст
2. ҷои танги байни даҳон ва шиками зарфҳо, гардани зарфҳо ва асбобҳои дигар: гардани кӯза, гардани шиша; ба гардани… ба зиммаи…, ба ӯҳдаи…; бо гардани баста бо дили нохоҳам, маҷбуран; бо гардани каҷ бо аҷзу нотавонӣ; фармонбардорона, мутеона; гардан буридан куштан; гардан додан а) тан додан; тобеъ шудан; б) розӣ шудан ба коре; гардан задан сар бурида куштан; гардани касеро (чизеро) ба банд овардан касеро (чизеро) ба қайди худ даровардан, мутеи худ кардан; гардани касеро (чизеро) шикастан касе ё чизеро мағлуб кардан; нобуд кардан; гардани шахро мулоим кардан одами якравро ба ифоқа овардан; гардан кашидан нофармонӣ кардан, аз итоат сар тофтан; гардан ниҳодан (ба касе, коре) таслим шудан; фармонбардорӣ ва итоат кардан; розӣ шудан ба душворие; гардан тофтан саркашӣ намудан; гардан фуровардан тобеъ шудан, итоат кардан; розӣ шудан, тан додан (ба коре); гардан ёрӣ надодан хуши касе наомадан, ба коре майл накардан; гардан каҷ кардан (дар пеши касе) изҳори аҷзу нотавонӣ кардан ба касе, зорию илтимос кардан аз касе; гардан хам намудан таслим шудан, итоат кардан; аз гардан соқит кардан аз зиммаи худ дур кардан, масъулияти кореро ба ӯҳда нагирифтан; аз сар соқит кардан; ба гардан гирифтан а) қабул кардан, ба зимма гирифтан, ӯҳдадор шудан; б) иқрор шудан ба гуноҳе; ба гардани касе афтодани чизе ба зиммаи касе бор шудани масъулияти чизе; ба гардани касе бори гарон шудан ба зиммаи касе бор шудан, боиси дарди сари касе гаштан; ба гардани касе бор кардани чизе а) зӯран ё бо фиреб ба зиммаи касе гузошта шудани чизе, касеро маҷбуран ба ягон чиз мутасаддӣ кардан; б) ба зиммаи касе вогузоштан чизеро, ӯҳдадор кардан касеро ба коре; айбро ба гардани касе мондан гуноҳи худро ба дигаре бор кардан; гуноҳе карда, худро ба канор гирифтан; бори худро ба гардани касе андохтан вазнинии худро ба дӯши касе гузоштан, мушкили худро ба зиммаи касе гузоштан; як сару гардан баланд будан аз касе а) имтиёз доштан бар касе, беҳтар будан нисбат ба каси дигар; б) қадбаланд будан нисбат ба каси дигар; гуноҳ ба гарданаш айби худаш, худ гунаҳкор аст; гардани хамро шамшер намебурад (зарб.) итоаткор аз нохушиҳо эмин аст; шахси хоксор ҳамеша осуда аст

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно решить контрольную?

Полезное


Смотреть что такое "гардан" в других словарях:

  • ГАРДАН — Шея. В переносном значении: поддерживающий голову, позвонок. Антрополексема. Татарские, тюркские, мусульманские мужские имена. Словарь терминов …   Словарь личных имен

  • гарданӣ — [گردني] 1. чарми нарме, ки зери кучан мегузоранд 2. шаллоқи паси гардан, зарбае, ки ба паси гардани гунаҳкор ба даст зада мешавад, бунигарданӣ: гарданӣ задан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Гардан (кантон) — Гардан фр. Gardanne   кантон Франции (АЕ 3 го уровня)  …   Википедия

  • Гардан, Юлиуш — Юлиуш Гардан Juliusz Gardan Имя при рождении: Юлиуш Градштейн Juliusz Gradstein Дата рождения: 12 ноября 1901(1901 11 12) …   Википедия

  • гарданғафс — [گردن غفس] 1. он ки гардани ғафс дорад, гарданаш пургӯшти фарбеҳ аст: шикамкалони гарданғафс 2. маҷ. гарданшах, якрав, гапнодаро …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гарданғафсӣ — [گردن غفسي] гарданшахӣ, якраҳагӣ, гапнодароӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • каҷгардан — [کج گردن] он ки гарданаш бештар ба як тараф тоб мехӯрад 2. маҷ. гадо, талбанда …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • кӯтоҳгардан — [کوتاه گردن] ниг. гарданкӯтоҳ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чанбар — [چنبر] 1. доира, ҳалқа, ҳар чизи доирашакл ва ҳалқамонанд; чанбари зулф ҳалқаи зулф; чанбар кардан доирашакл кардан, ҳалқа кардан; чанбари ханҷар чанбаре, ки дар тарафи дохилии он ханҷарҳо гузошта мешуд ва дорбозону чашмбандон аз он мегузаштанд;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • La Féraude — (Гардан,Франция) Категория отеля: Адрес: 1095, Chemin Du Moulin Du Fort, 13120 Гардан, Франция …   Каталог отелей


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»